Бо ѕарори Іукумати
Їуміурии Тоїикистон
аз 1 апрели соли 2017 № 159
тасдиѕ шудааст
Барномаи давлатии рушди санъати Шашмаѕом, Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Їуміурии Тоїикистон барои соліои 2017-2021
1. Муѕаррароти умумњ
1. Барномаи давлатии рушди санъати Шашмаѕом, Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Їуміурии Тоїикистон барои соліои 2017-2021 (минбаъд - Барнома) дар асоси дастуру супоришіои Президенти Їуміурии Тоїикистон, Пешвои миллат, муітарам Эмомалњ Раімон, ки дар таїлили Рўзи Шашмаѕом (12 майи соли 2015) баён доштанд, таіия гардида, ба рушди санъати Шашмаѕому Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" нигаронида шудааст.
2. Барнома бо дарназардошти анїом додани ислоіоти куллњ дар вазъи кунунњ ва рушди Шашмаѕом, маѕоміои маіаллии тоїик, Фалак ва эіёи мактаби суннатии "устод-шогирд" баіри таѕвият ва ба даст овардани худшиносии воѕеии насліои їавон, баланд бардоштани маѕоми мусиѕии суннатии тоїик дар їомеаи муосир, рушди іамаїонибаи тафаккури бадеиву маънавии тоїикон таіия гардидааст.
3. Барномаи мазкур бо маѕсади іифзи мероси мусиѕии суннатии тоїик, іифзи аслияти ин мероси маънавии тоїикон ва хусусан санъати классикии Шашмаѕом, ки іамчун шоікории башарият аз їониби ЮНЕСКО пазируфта шудааст, умуман санъати маѕоми тоїик, инчунин мусиѕии суннатии касбии тоїик Фалак ва институти меросии таълими санъати мусиѕии касбии тоїик - мактаби суннатии "устод-шогирд" дар їараёни їаіонишавњ, якрангшавњ ва оммавишавии фаріангу санъат амалњ карда мешавад.
4. Асосгузории їашніои давлатии Рўзи Шашмаѕом ва Рўзи Фалак маънои дар сиёсати фаріангии Їуміурии Тоїикистони соіибистиѕлол маѕоми афзалиятнок пайдо кардани ин ду шакли санъати мусиѕии ирфониро дорад. Наѕши ин ду їашн дар устуворгардонии санъати маѕомхониву фалакхонњ хеле бузург аст.
5. Дар баробари таѕвияти їараёни худшиносњ дар їомеаи муосири Тоїикистон ва зарурати тарбияи инсони дорои тафакѕури нав дар амалияи мусиѕњ ва таълимоти махсуси касбиву иловагии бадењ эітиёїот ба омўзиши даѕиѕ, таіѕиѕот, усули тадрисњ ва методологияи фаннии мусиѕии классикиву касбии суннатии тоїик афзуда истодааст.
6. Барномаи мазкур ба устуворгардонњ ва мушаххасгардонии шакліои мухталифи омўзишу фаімиш, тарбияи мутахассисон ва шунавандагони волои санъати Шашмаѕому Фалак равона карда мешавад.
7. Барнома ба меъёріои Конститутсияи Їуміурии Тоїикистон асос ёфта, іадафіо, афзалият ва тадбиріоро оид ба рушди санъати Шашмаѕому Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" муайян менамояд.
2. Маѕсад ва вазифаіои Барнома
8. Маѕсади асосии Барнома іиф