Замимаи 1
ба ѕарори Іукумати
Їуміурии Тоїикистон
аз 1 сентябри соли 2005 № 338
тасдиѕ шудааст
Барномаи барѕарорсозњ ва рушди минбаъдаи соіаи занбўрпарварњ дар Їуміурии Тоїикистон барои соліои 2006-2010
Маріилаи гузариш ба иѕтисоди бозори, бозсозии сохтор дар иѕтисодиёт ва муносибатіои истеісоли ба пешравии занбўрпарвари, ки яке аз соіаіои муіим ва фоидаовари иѕтисодиёти їуміури ба іисоб меравад, бетаъсир намонд. Дар натиїа аз 250 іазор оилаи занбўри асали дар іамаи шакліои хоїагидории їуміури дар соли 1992 мавїудбуда, то 1 январи соли 2005 іамаги 49 іазор оила боѕи мондааст.
Кам шудани оилаіои занбўри асал ба дараїаи гардолудшави ва іосилнокии зироатіои асосии дар їуміури парваришёбанда, аз ѕабили пахта, юнучѕа, растаниіои їангалу чарогоііо, сабзавот, дарахту буттаіои мевадиіандаи бо іашарот гардолудшаванда (энтомофили) таъсири манфи расонид. Таїрибаіои илмию истеісоли нишон медиіанд, ки дар натиїаи бо занбўри асал гардолуд шудан іосили пахта, бољот, офтобпараст ва дигар растаниіои энтомофили аз 30 то 50 фоиз меафзояд.
Љайр аз ин ба фурўш баровардани маісулоти занбўри асал (асал, мум, прополис, гарди гул, шири модарзанбўр, заіри занбўр ва љайра) дар дохил ва хориїи кишвар боиси даромади зиёд, ворид гардидани асъори хориїи ва беітар шудани сатіи зиндагии мардуми їуміури мегардад.
Захираіои мавїудбудаи растаниіои шаіддиіандаи їуміури (зиёда аз 5 млн. га) имконият медиіад, ки дар їуміури зиёда аз 800 іазор оилаи занбўри асал парвариш карда, соле 10-12 іазор тонна асал ва ба миѕдори зиёд маісулоти дигари он истеісол карда шавад.
Бо назардошти гуфтаіои боло, Іукумати Їуміурии Тоїикистон барои барѕарор намудан ва рушди минбаъдаи соіаи занбўрпарвари иїро намудани чорабиниіои зеринро іатми мешуморад.
I. Бунёди заминаи моддию техникии соіаи занбўрпарварњ
Имрўз дар їуміури ягона корхонае, ки ба парвариш ва афзун намудани миѕдори оилаіои занбўри асал машљул аст, Корхонаи воіиди занбўрпарварии Вазорати кишоварзии Їуміурии Тоїикистон мебошад. Вазифаи асосии ин корхона таъмин намудани занбўрпарварони їуміури, новобаста аз шакли моликияташон бо тамоми асбобу анїоми занбўрпарвари, тайёр ва коркарди маісулоти занбўри асал, барѕарор намудани оилаіои хушзоти занбўри асал мебошад.
Инчунин корхонаи мазкур коріои зеринро амали менамояд:
- їори намудани технологияи нав барои баланд бардоштани истеісоли асал ва дигар маісулоти он;
- расонидани ёрии байтори, омўзиши таїрибаи пешѕадам ва дар байни хоїагиіои занбўрпарвар ва дўстдорони занбўри асал паін намудани он;
- ташкили семинаріо ва гузаронидани дарсіои омўзиши оид ба занбўрпарвари;